Тарзи истифодаи Psiphon

Psiphon барои Android

Шумо бояд аввал мутмаин шавед, ки нусхаи Psiphon барои Android-и шумо аслӣ мебошад.

Барои насбкуниро оғоз кардан, дар барномаи почта ё браузери дастгоҳи Android-и худ пайванди Psiphon APK-ро зер кунед. (Агар хатогӣ ба миён ояд, шумо бояд <a href=”./faq.html#android-enable-sideloading”>насб аз манбаҳои номаълумро фаъол кунед (sideload)</a>).

Вақте ки барномаи Psiphon ба кор медароред, он ба таври худкор пайвастшавиро ба шабакаи Psiphon оғоз мекунад.

Screenshot of Psiphon for Android showing the status panel
  • Psiphon дар реҷаи VPN ё Тамоми дастгоҳ кор мекунад. Трафики тамоми барномаҳо тавассути Psiphon равона карда мешавад.
  • Варақаи Ҳолат интихоб карда шудааст
  • Барои Psiphon-ро дар реҷаи Тамоми трафики дастгоҳро тавассути нақб равона кардан, дастгоҳи шумо бояд дорои Android 4.0 ё навтар ё root-шуда бошад.

    Ин имкон барои дастгоҳҳои root-нашудаи дорои версияи куҳнатари Android дастнорас мебошад.
  • Хокистарӣ: пайваст мешавам
    Сурх: пайваст нест
    Кабуд: пайваст шудам
  • Версияи ҷории Psiphon-и шуморо нишон медиҳад

Screenshot showing the Psiphon for Android logs panel
  • Дафтарҳои қайди амалҳои Psiphon

Screenshot showing the Psiphon for Android statistics panel
  • Давомнокии пайваст
  • Иттилооте, ки тавассути Psiphon фиристода мешавад
  • Иттилооте, ки тавассути Psiphon гирифта мешавад
  • Иттилооти фиристода шуда тавассути Psiphon фишурда мешавад
  • Иттилооти гирифташуда тавассути Psiphon фишурда мешавад

Вақте ки барнома ба шабака пайваст мешавад, браузери дарунсохти Psiphon ба кор дароварда мешавад. Psiphon барои Android трафики браузери пешфарзи Android ва барномаҳои дигар ба таври худкор тавассути нақб равона намекунад. Ба таври пешфарз, танҳо браузери Psiphon тавассути нақбҳои шабакаи Psiphon равона карда мешавад.

Screenshot showing the Psiphon for Android web browser
  • Psiphon кор мекунад
  • Байни варақаҳои кушода гузаштан
  • Варақаи ҷориро пӯшидан
  • Саҳифаи ҷориро ба хатбаракҳо илова кардан
  • Забонаи нав кушодан

Psiphon барои Windows

Шумо бояд аввал мутмаин шавед, ки нусхаи Psiphon барои Windows-и шумо аслӣ мебошад.

Барномаи муштариро боргирӣ карда, онро ба кор дароред. Вақте ки онро ба кор медароред, ба шумо паёми амниятие нишон дода мешавад, ки ин барнома маҳсулоти қонунии ширкати Psiphon Inc. мебошад.

Screenshot showing the Windows security warning for the Psiphon executable

Вақте ки Psiphon-ро ба кор медароред, он ба таври худкор пайвастшавиро оғоз мекунад. Ҳангоми пайваст шуданаш, нишонаи даврзананда нишон дода мешавад. Шумо метавонед яке аз реҷаҳои зерини проксиро интихоб кунед: VPN (L2TP тавассути IPsec), SSH ё SSH+ (SSH бо чигилкунӣ, қабати тасодуфӣ аз болои SSH барои пешгирии шинохтагирии протокол).

Screenshot showing Psiphon starting up on Windows

Вақте ки нишонаи сабз нишон дода мешавад, ин маъное дорад, ки пайваст ба сервери Psiphon таъсис дода шуд. Дар реҷаи VPN, тамоми трафики шумо ба таври худкор тавассути Psiphon равона карда мешавад.

Дар реҷаҳои SSH ва SSH+, Psiphon танзимоти проксии системаи Windows-ро ба таври худкор танзим мекунад, то трафики шабакавии барномаҳое, ки ин танзимотро истифода мебаранд, тавассути нақби Psiphon равона карда шавад. Ҳамаи браузерҳои асосӣ ин танзимотро ба таври пешфарз истифода мебаранд.

Илова бар ин, дар реҷаҳои SSH ва SSH+, Psiphon имкони тақсимкунии нақб пешниҳод мекунад, ки дар он трафики байналмилалӣ тавассути прокси мегузарад ва трафики ватанӣ бошад ба таври одатӣ. Барои тақсимкунии нақбро истифода бурдан, имкони “Сайтҳои ватаниро бе прокси кушодан”-ро истифода баред. Вақте ки ин имкон фаъол аст, доменҳои бидуни прокси кушодашуда дар қитъаи паёмҳо нишон дода мешаванд.

Screenshot showing Psiphon connected on Windows

Вақте ки барнома пӯшида мешавад, Psiphon пайвастро ба таври худкор қатъ мекунад. Шумо инчунин метавонед нишонаро зер карда, пайвастро хомӯш ё фурӯзон кунед.